Дар феҳристи беҳтарин бозингари сол дар ПЛА исми Роналду нест

Дар феҳристи беҳтарин бозингари сол дар ПЛА  исми Роналду нест

Премйер-лигаи Англия дар сомонаи худ феҳристи бозигаронеро нашр кард, ки ба унвони “Бозигари сол” дар мавсими 2021-2022 довталаб ба ҳисоб мераванд. Ҳуҷумкунандаи бошгоҳи “Манчестер Юнайдед” Криштиану Роналду дар ин феҳрсит шомил нашудааст.

Дар феҳрист  Трент Александр-Арнолд («Ливерпул»), Муҳаммад Салоҳ («Ливерпул»), Ҷаррод Боуэн («Вест Хэм Юнайтед»), Жоао Кансело («Манчестер Сити»), Кевин Де Брюйне («Манчестер Сити»), Сон Хин Мин («Тоттенхэм»), Ҷеймс Уорд-Проуз («Саутгемптон»), Букайо Сака («Арсенал») ҳамчун довталаби асосӣ барои ба даст овардини ин унвон номнавис шудаанд.

Ёдовар мешавем, Роналду моҳи апрел беҳтарин бозингари моҳ дар ПЛА эътироф гардида буд ва борҳо беҳтарин бозингари моҳ дар ҳайати “девҳои сурх” низ дониста шуда буд, лек барои ба даст овардани ин унвон дар ПЛА ӯро лоиқ надонистанд.

Роналду дар мавсими ҷории ПЛА дар ҳайати «Манчестер Юнайтед» 30 бозӣ гузаронида, дар ҳисобаш  18 гол ва 3 ирсоли головар дорад.