Дар Испания низоъи Карвахал ва Ямалро дар “Эл-Классико” шарҳ доданд

Дар Испания низоъи Карвахал ва Ямалро дар “Эл-Классико” шарҳ доданд

Президенти Федератсияи футболи Шоҳигарии Испания (RFEF) - Рафаэл Лусан дар бораи ҳодисаи байни капитани дастаи “Реал Мадрид” Даниэл Карвахал ва ҳамлагари “Барселона” Ламин Ямал пас аз бозии даври 10-уми Ла Лига изҳори назар кард. Дар “Эл-Классико” бо ҳисоби 2 бар 1 соҳибони майдон тими “Реал Мадрид” ба пирӯзӣ ноил шуда буданд. Бозӣ бо пирӯзии «солдодон» бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.

“Ин вазъияти осон набуд, вале чизе ҷиддӣ ҳам нест. Ҳар ду бозигар барои тими миллии мо муҳиманд, онҳо ситораҳои футболи ҷаҳонӣ мебошанд. Ман ҳанӯз ин ҳолатро бо сармураббии тими миллӣ Луис де ла Фуэнте муҳокима накардаам. Чунин ҳолатҳо дар футбол рух медиҳанд”, фишурдаи суханони Лусанро нашрияи Mundo Deportivo-ро иқтибос овардааст.

Қаблан Ямал дастаи “Реал Мадрид”-ро ба фиребкорӣ ва шикоят кардан айбдор карда буд. Пас аз пирӯзии “Реал Мадрид”, Карвахал бо ишораи равшан ба бозигари “Барселона” – Ламин Ямал муроҷиат кард ва хомӯш шуданро тақозо кард. Баъдан ҳар ду бозигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ якдигарро аз рӯйхати дӯстонашон ҳазф карданд.