Дар Хуҷанд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба бокс оғоз гардид

Дар Хуҷанд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба бокс оғоз гардид

Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба бокс байни наврасон оғоз гардид, ки то 13 ноябр идома меёбад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар мусобиқа беш аз 120 варзишгар аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилояти Суғд, инчунин дастаҳо аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо ҳам рақобат менамоянд.

Ин мусобиқа на танҳо ба муайян кардани варзишгарони беҳтарин, балки ба хотири тақвияти дӯстии ҷавонони давлатҳои ҳамсоя ва мубодилаи таҷриба байни мураббиён нигаронида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа 13 ноябр ҷамъбаст ва ғолибону ҷоизадорон бо медал ва Ифтихорнома қадрдонӣ мегарданд.