Дар Либия бар асари обхезӣ 4 футболбоз ба ҳалокат расиданд

Дар Либия бар асари обхезӣ 4 футболбоз ба ҳалокат расиданд

Бар асари обхезии шадид дар Либия чаҳор футболбоз ба ҳалокат расиданд.

Федератсияи футболи Либия дар як изҳорот ба “Al Jazeera” гуфтааст: "Мо дар робита ба марги Шоҳин Ал-Ҷамил, Солеҳ Сасси, Ал-Ҳусейн Шалуф ва Мунтера Садакӣ изҳори ҳамдардӣ мекунем."

Гуфта мешавад, ки обхезӣ дар Либия бар асари тӯфони пурқудрати «Даниэл» дар баҳри Миёназамин ба амал омадааст. Ба иттилои расонаҳо, шумори қурбониён аллакай аз 2 ҳазор нафар гузаштааст ва шумораи умумии қурбониён аллакай ҳудуди 5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.