Дар муҳориба зидди Чимаев Костаро Камару Усмон иваз мекунад

Дар муҳориба зидди Чимаев Костаро Камару Усмон иваз мекунад

Дар доираи силсиларақобатҳои UFC 294 Пауло Костаро дар муҳориба зидди Ҳамзат Чимаев Камару Усмон иваз мекунад.

Дар ин бора президенти ширкати UFC Дана Уайт иттилоъ медиҳад. Дар рақобати пеш аз муҳорибаи асосии UFC 294 Ҳамзат Чимаев муқобили Камару Усмон вориди октагон мешавад.

Пештар Пауло Коста изҳор намуд, ки духтурон вобаста ба пайдоиши бактерияи стафилококк дар оринҷаш ӯро барои иштирок дар муҳориба иҷоза надодаанд.

Дар рақобати пешин Усмон баҳри унвони қаҳрамонӣ дар вазни ниммиёна бо Леон Эдвардс сар бар сар шуда буд ва дар ҳардӯи ҳолатҳо дучори бохт гардид.

Мусобиқа рӯзи 21-уми октябр дар шаҳри Абу-Даби доир мегардад.