Дар Мусобиқаи байналмилалии “Дави дӯстӣ” ва веломарафон 10 ҳазор нафар иштирок намуданд

Дар Мусобиқаи байналмилалии “Дави дӯстӣ” ва веломарафон 10 ҳазор нафар иштирок намуданд

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки 10 ҳазор нафар Мусобиқаи байналмилалии «Дави дӯстӣ» ва веломарафон баргузор гардид. Дар ин чорабинии варзишӣ намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуданд.

Мусобиқаи «Дави дӯстӣ» бо ҳадафи таҳкими равобити дӯстона байни давлатҳои ҳамсоя, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш баргузор гардид.

Варзишгарон ва дӯстдорони дав аз субҳи барвақт дар кӯчаҳои марказии Хуҷанд ҷамъ омада, бо руҳияи баланди варзишӣ масофаи муқарраршударо тай намуданд.

Ҳамзамон дар доираи ин чорабинӣ веломарафон низ баргузор шуд, ки дар он садҳо дӯстдорони варзиши велосипедронӣ аз се давлати ҳамсоя иштирок карданд. Ин сабқат на танҳо рақобати варзишӣ, балки рамзи дӯстӣ ва муттаҳидии ҷавонони минтақа гардид.

Мақомоти маҳаллӣ ва созмонҳои варзишии кишварҳои иштирокунанда баргузории чунин чорабиниҳоро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки онҳо минбаъд низ барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои ҳамсоя дар соҳаи варзиш ин гуна иқдомҳоро идома хоҳанд дод.