Дар нақшаи Куман барои Рики Пуч ҷой нест

Дар нақшаи Куман барои Рики Пуч ҷой нест

Дастпарвари “Барселона” - Рики Пуч метавонад ба ду дастаи маъруфи Италия “Ювентус” ё “Интер” гузарад. Тибқи иттилои сарчашмаҳои хабарӣ, “Барселона” метавонад Пучро бо Лаутаро Мартинес ё Алессандро Бастони иваз кунад.

“Ювентус” омодааст, ки барои ин футболбози ҷавон аз ҳайати худ Федерико Бернардески, Адриен Рабйо, Родриго Бентанкур ва ё Аарон Рамсиро ба каталония фиристад. "Барселона" омодааст, ки дар навбати аввал Пучро ба иҷора диҳад.