Дар Париж тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ФИФА ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар доираи Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 бо Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино вохӯрӣ намуд.
Ҷанни Инфантино аз хотироти сафараш ба Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки варзиш дар Тоҷикистон рушд карда, ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ иштирок ва ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.
«Бахусус варзиши футбол дар ҳоли рушд қарор дорад, ки ин барои федератсияи мо паёми нек ва мавриди таваҷҷуҳи хос аст», — гуфт Президенти Федератсияи байналмилалии футбол.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамчунин дар шаҳри Париж бо Вазири варзиш, Раиси Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал Ал-Сауд вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба вусъати ҳамкорӣ байни сохторҳои варзишии ду мамлакат, аз ҷумла байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Арабистони Саудӣ, инчунин кумитаҳои миллии олимпӣ ва федератсияҳои футбол ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 26 июл то 11 август дар шаҳри Париж Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024 идома меёбанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаҳо 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таэквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ мекунанд.