Дар шаҳри Ҳисор 40 майдончаю 14 толори варзишӣ сохта мешавад

Дар шаҳри Ҳисор 40 майдончаю 14 толори варзишӣ сохта мешавад

Дар шаҳри Ҳисор мактаби варзишӣ бо 14 намуди варзиш, 2 варзишгоҳ, 1 маҷмааи варзишӣ, 122 майдончаи варзишӣ ва 97 толори варзишӣ фаъолият намуда истодааст.

Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳри Ҳисор 29 июл зимни нишасти хабарӣ дар ин бора иттилоъ дода, дар идома қайд намуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дастовардҳои варзишгарони шаҳри Ҳисор назаррас буда, дар ин давра ба гирифтани 461 медал ноил гардиданд, ки аз ин 201 медали тилло, 125 медали нуқра ва 135 медали биринҷӣ мебошад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр сохтмони 40 адад майдонча ва 14 толори варзишӣ ба нақша гирифта шуда, дар семоҳаи соли ҷорӣ 1 адад майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.