Дар шаҳри Кӯлоб курси омӯзишии литсензияи "C" оғоз гашт

Дар шаҳри Кӯлоб курси омӯзишии литсензияи "C" оғоз гашт

Дар асоси нақшаи Департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи минтақаи Кӯлоб дар шаҳри Кӯлоб курси омӯзишӣ-таълимӣ барои гирифтани иҷозатномаи мураббигии "С" ба кори худ шуруъ кард. Зимни сухани шодбошӣ дар курси омӯзишӣ-таълимӣ раиси Федератияи футболи вилояти Хатлон - Исроил Шарифов ва дигар шахсони расмӣ ширкат варзида, таъкид доштанд, ки тайёр намудани мутахассисони соҳаи футбол бахусус мураббиёни касбӣ аз мақсадҳои асосии барномаи рушди футбол барои солҳои 2017-2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зимнан иттилоъ дода шуд, ки омӯзиши мазкур давоми ду ҳафта ба таври назариявӣ ва амалӣ ҷарайён гирифта, дар анҷом ҳар як иштирокчӣ барои дарёфти дараҷаи “С” имтиҳони озмоишӣ месупоранд. Дар омӯзиши мазкур дастурдиҳандаи Конфедератсияи Осиё - Элдор Раҳмонов ва ёвари ӯ Ғайраталӣ Мираҳмадов ба иштирокдорон нозӯкиҳои кори мураббигиро меомӯзанд.

Мавриди зикр аст, ки чунин ҳамоишҳои омӯзишӣ барои мураббиён дар минтақаи Кӯлоб бори аввал роҳандозӣ карда мешавад ва аз шаҳру навоҳии ин минтақаи 22 нафар иштирокчиён шомил мебошанд, ки аксари онҳо ҳанӯз дар футболи касбӣ фаъолият доранд. Иттилоъ дод ашуд, ки дарсҳои амалии омӯзиш дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб ва майдончаҳои иловагии назди варзишгоҳ ҷарайён гирифта, ба иштирокдорон усулҳои навини омода кардани футболбозони касбӣ омӯхта мешаванд.