Дар шаҳри Турсунзода майдончаи варзишӣ ифтитоҳ гардид

Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва раиси шаҳр Парвиз Акрамзода майдончаи варзишӣ ифтитоҳ гардид.
Гуфта шуд, ки татбиқи ин ва дигар тадбирҳои созанда дар баробари фароҳам овардани шароити хуб барои рушди варзиш ва солимии сокинон, инчунин симои шаҳрро боз ҳам ободу зебо менамояд.
Таъкид гардид, ки иқдом барои ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам оварда, дар ташаккули ҷисмонию маънавии насли наврасу ҷавон нақши назаррас мегузорад.