Дар шоҳроҳи ноҳияи Данғара мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ баргузор гардид
Дар шоҳроҳи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо иштироки варзишгарони минтақаҳои гуногуни мамлакат мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ баргузор гардид.
Мусобиқа бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи велосипедронӣ дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Данғара ташкил карда шуд.
Масъулон иброз намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ ба ташвиқи тарзи ҳаёти солим, тақвияти тарбияи ҷисмонӣ, боло бурдани шавқу ҳавасмандии ҷавонон ба варзиш ва муайянсозии варзишгарони боистеъдод мусоидат мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди инфрасохтори варзишӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии варзишгарон ва оммавӣ гардонидани намудҳои гуногуни варзиш таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Дар мусобиқа дастаҳо аз вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, инчунин дӯстдорони ин навъи варзиш аз ноҳияи Данғара иштирок намуда, маҳорати худро дар ин намуди варзиш санҷиданд.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.