Дар ВМКБ Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс байни наврасони солҳои 2008-2009 оғоз ёфт

16 май дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс байни наврасони солҳои 2008-2009 оғоз гардид. Дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар додааст.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 100 нафар муштзанон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ВМКБ иштирок менамоянд. Дар чемпионати номбурда духтарҳо низ иштирок доранд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур рӯзи 20-уми май ба анҷом мерасад ва беҳтаринҳо соҳиби нишонҳои фахрии мусобиқа гардида, ба мусобиқаҳои байналмилалӣ дар ин синну сол сафарбар мегарданд.