Дарвозабони 38-сола дар ҳайати тими миллии Ҳолланд дебют кард

Дарвозабони 38-сола дар ҳайати тими миллии Ҳолланд дебют кард

Дарвозабони 38-сола Ремко Пасвер дар тими миллии Ҳолланд  аввалин бозиро анҷом дод.

Пасвер дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи миллатҳо муқобили мунтахаби Лаҳистон дар ҳайати асоси ба майдон омад ва  дебют кард.

Ҳамин тавр, Пасвер дуюмин солхӯрдатарин дебютант дар таърихи тими миллии Ҳолланд шуд. Ӯ дар синни 38 солу 318 рӯзагӣ  вориди майдон шуд. Рекорд ба дарвозабон Сандер Боскер тааллуқ дорад, ки аввалин бозии худро дар 39 солу 224 рӯзагӣ  соли 2010 анҷом дода буд.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Ҳолланд  бо ҳисоби 2 бар 0 мунтахаби Лаҳистонро мағлуб кард.