Дарвозабони “Челси” тарки даста мекунад

Дарвозабони “Челси” тарки даста мекунад

Дарвозабони аргентинии бошгоҳи “Челси” - Вилли Кабалйеро мақсад дорад, ки тарки даста карда, корномаи футболбозиашро дар ягон дастаи Испания идома диҳад. Дарвозабони 38 сола корномаи варзишиашро аз дастаи «Бока Хуниорс» оғоз намудааст. Инчунин Кабалйеро дар дастаҳои «Элче», «Малага» ва «Манчестер Сити» фаъолият намудааст. Дар мавсими ҷорӣ дарвозабон дар ду бозии “Челси” вориди майдон шудааст.