Дарвозабони гурҷӣ – ивазкунандаи Нойер дар «Бавария»
Георгий Мамардашвилиро аз гузариш ба «Бавария» як қадами дигар ҷудо мекунад. Хабаррасон Фабрисио Романо менависад, ки мюнхениҳо аллакай гуфтшунидҳоро бо «Валенсия» оғоз намуданд ва тими испанӣ бошад мехоҳад баҳри бозигари хеш 20-30 млн евро ба даст орад.
Мамардашвили – ситораи мунтахаби Гурҷистон буда, ин тобистон дар чемпионати Аврупо миёни ҷавонон то ба марҳилаи чорякниҳоӣ расид ва чанд сейвҳои назаррас ҳам анҷом дод.
Барои мюнхениҳо ба хотири ҷароҳати Мануэл Нойер фавран дарвозабон зарур аст. Мӯҳлати баргашти дарвозабони 37-сола ҳоло маълум нест ва аз ин рӯ дар шаҳри Мюнхен саросемавор ба бозор баромадаанд.
Дарвозабони феълии даста Ян Зоммер намехоҳад дар эҳтиёт бошад ва дастаро тарк мекунад. Дар «Бавария» низ аз бозии дарвозабони шветсарӣ розӣ набуда, ӯро ҷавоб медиҳанд. La Gazzetta dello Sport менависад, ки нисбати Ян Зоммер аллакай «Интер» барои пайдо кардани ивазкунандаи Андре Онана иштиёқманд аст.
Ҳамчунин тими мюнхенӣ шартнома бо Александр Нюбели 26-сола дорад, нафареро, ки соли 2020 аз «Шалке» чун ивазкунандаи Нойер оварданд, вале Нюбел то ҳол дар сафи «Бавария» як бозӣ гузаронидааст. Ду соли ахир ин дарвозабон дар «Монако» гузаронид ва эҳтимолан ба Англия меравад.
Бо Свен Улрай бошад мюнхениҳо намехоҳанд мавсимро шурӯъ намоянд.
Маҳз ба хотири ёфтани дарвозабони боэътимод таваҷҷӯҳи олмониҳо нисбати гурҷии 22-сола аз «Валенсия» зиёд гардид ва аллакай гуфтушунидҳо ҳам оғоз шуданд. Вале бо эҳтимолияти зиёд ин дарвозабон дар шаҳри Мюнхен бомаром ба дарвозабони эҳтиётӣ табдил меёбад.