Дастаҳои Серияи B-и Бразилия ба Возиня мароқ зоҳир кардаанд

Дастаҳои Серияи B-и Бразилия ба Возиня мароқ зоҳир кардаанд

Дарвозабони 40-солаи мунтахаби Кабо-Верде – Жозимар Возиня, ки бо бозии дурахшони худ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 ба яке аз қаҳрамонҳои мусобиқа табдил ёфт, метавонад фаъолияти клубии худро дар Бразилия идома диҳад.

Ба иттилои рӯзноманигори маъруф Фабритсио Романо, чанд бошгоҳи Серияи B-и Бразилия ба ҷалби ин дарвозабони ботаҷриба таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир Возиня мақоми бозигари озод дорад ва метавонад бидуни пардохти маблағи интиқол ба ҳар кадом даста ҳамроҳ шавад.

Қаблан Возиня дар тӯли фаъолияти худ дар ҳайати дастаҳои «Шавиш» ва «Жил Висенте» (Португалия), «Тренчин» (Словакия), АЕК Лимасол (Кипр), «Зимбру» (Молдова), «Прогрессо» (Ангола) ва инчунин чанд бошгоҳи Кабо-Верде бозӣ кардааст.

Дар ҳайати мунтахаби Кабо-Верде ӯ то имрӯз 92 бозӣ анҷом додааст. Возиня маҳз пас аз ҳунарнамоии олиҷанобаш дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки дар он бо сейвҳои пайиҳам ва бозиҳои боэътимод диққати ҷаҳони футболро ба худ ҷалб кард, ба яке аз чеҳраҳои машҳури мусобиқа табдил ёфт.