Дастаҳои “Соро” ва “Сипар” барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон -2022 оид ба футзал майдондорӣ мекунанд

Дастаҳои “Соро” ва “Сипар” барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон -2022   оид ба футзал майдондорӣ мекунанд

Лигаи футзали Тоҷикистон санаи баргузории бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2022-ро тасдиқ кард.

Бозии ифтитоҳии мавсим миёни қаҳрамони феълии кишвар «Соро компания»-и Душанбе ва барандаи медали нуқра «Сипар»-и Хуҷанд

14 май баргузор мешавад. Ин дидор дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сурат мегирад. Оғози рақобат соати 18:00 дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор шуда, дар он «Соро компания» бар «Сипар» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд.

 Суперҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал

14 май (шанбе)

Оғоз – соати 18:00

 «Соро компания» –  «Сипар»

 Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

#TajikistanFutsalSupercup