Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолонашон аз Беларус бозии санҷишии якумро анҷом дод

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 таҳти роҳбарии мутахассиси словенӣ Милош Костич бо ҳамсолони худ аз Беларус бозии санҷишӣ анҷом дод.
Вохӯрии дӯстона дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, мусовӣ - 1:1 анҷом ёфт. Аз ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон голро бозигар Ибод Икромиддинов, ки дар ҳайати бошгоҳи «Динамо» (Барнаул) дар лигаи дуюми Русия баромад мекунад, ба самар расонд.
Бозии дуюми санҷишӣ байни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистону Беларус низ дар варзишгоҳи «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад. Вохӯрӣ рӯзи 10 июн доир шуда, соати 18:00 оғоз мегардад.