Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2024 барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебарад

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бозии дуюмро анҷом дод.
Дастаи ҷавонони мо дар даври ниҳоии гурӯҳи «А» бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон мусовӣ (0:0) кард. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон бо касби чаҳор имтиёз дар гурӯҳи «А» мақоми дуюмро касб кард ва акнун рӯзи 12 июл дар бозӣ барои ҷойи сеюми чемпионати CAFA-2024 бо тими Ӯзбекистон рақобат мекунад. Қирғизистон бошад дар финал бо Эрон бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал Қирғизистон бо ҳисоби 4 бар 0 муқобили Афғонистон зафар ёфта буд. Тоҷикистон бо ҳисоби 1 бар 0 Афғонистонро дар даври дуюм мағлуб карда буд.
Тибқи низомномаи мусобиқа дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як давр бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ дар финал рақобат хоҳанд кард. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷойҳои панҷум ва шашум бозиҳои тасаллобахш баргузор мешаванд.
Дар тамоми бозиҳои чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар Қирғизистон системаи видеодовар-VAR истифода мешавад.