Дастаи Черевченко "ССКА"-и бузургро шикаст дод

Дастаи Черевченко "ССКА"-и бузургро шикаст дод

Вохӯрии навбатии даври 18-уми чемпионати Россия бо ширкати дастаҳои "ССКА"-и Маскав ва "Арсенал"-и Тула бо ғалабаи тарбиятгирандагони Игор Черевченко дар сафар хотима ёфт. Бозӣ дар варзишгоҳи "ВЭБ Арена"-и шаҳри Маскав сурат гирифта, бо як голи задаи Данил Лесовйо (дақ 52) ба анҷом расид. Ин муваффақият сабаб шуд, ки намояндагони Тула ба ҷойгиршавии дастаҳо барои роҳхат ба мусобиқаи аврупоӣ наздик шавад. Дар таърихи мавҷудияташ бошгоҳи "Арсенал" нахустинбор дар сафар тими "ҳарбиён"-ро шикаст дода, бори дуюм дар мавсими имсола шогирдони Черевченко дар пойтахти Русия бо ҳамин ҳисоб пирӯз шуданд.. Аз ин пеш дар даври 15-ум "Спартак"-ро дар майдонаш шикаст дода буданд. Ҳоло бозии аз ҳама муҳими барои дастпарвари футболи тоҷик дар даври оянда сурат мегирад. Игор Черевченко муқобили собиқ дастааш "Локомотив"-и Юрий Сёмин рӯ ба рӯ мешавад. Ин вохӯрӣ 6-уми декабр дар варзишгоҳи 19-ҳазораи шаҳри Тула сурат мегирад.