Дастаи "Файзканд" сармураббии навашро эълон кард

Дастаи "Файзканд" сармураббии навашро эълон кард

Бошгоҳи "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ дар аввалин иштирокаш дар Лигаи олии Тоҷикистон зери роҳбарии мутахассиси шинохтаи кишвар Тоҳир Муъминов баромад мекунад. Шартномаи ҳамкорӣ бо коршиноси 49-сола рӯзи 23-юми март, баста шуд.

Қаблан Тоҳир Муъминов давоми як сол роҳбарии бошгоҳи "Истаравшан"-ро бар дӯш дошт. Пеш аз он бошад, Муъминов давоми 2 сол бо бошгоҳи КМВА "Помир" кор бурда, дар мавсими 2017 бо "артишиҳо" барандаи медалҳои биринҷии Лигаи олӣ гардид.

Хотиррасон мекунем, ки "Файзканд" дар мавсими гузаштаи Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи якум бо касби 60 имтиёз зинаи дуюмро ишғол кард ва аввалин маротиба дар таърихи мавҷудияташ ба Лигаи олии Тоҷикистон баромад.

Манбаъ: https://tfl.tj/tj/