ИМА қаҳрамони ҷаҳон оид ба баскетбол миёни бонувон гардид!

ИМА қаҳрамони ҷаҳон оид ба баскетбол миёни бонувон гардид!

Бозии ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба баскетбол миёни бонувон 2022 дар шаҳри Сиднейи кишвари Австралия ба анҷом расид. Дар бозии ниҳоӣ ноиб қаҳрамони мусобиқа тими ИМА бо мунтахаби Чин андари майдони рақобат шуданд.

Дар ин вохӯрӣ баскетболбозони ИМА ба осонӣ тавонистанд , ки муқобили баскетболбозони Чин бо ҳисоби  83 бар 61 (18:13, 25:20, 25:14, 15:14) ғалаба ба даст биёранд.

ИМА маротибаи чаҳорум тавонист, ки Ҷоми Қаҳрамонии Ҷаҳонро соҳиб шавад. Баскетболбозони амрикоӣ аз ин  пештар солҳои 2010, 2014 ва 2018 қаҳрамон шуда буданд.

Ҳамчунин имрӯз бозӣ барои ҷои сеюм ҳам доир гардид. Дар мубориза барои медалҳои биринҷӣ дастаҳои Австралия ва Канада бо ҳам вохӯрданд. Ин бозӣ бо ҳисоби  95:65 ба фоидаи баскетболбозони Австралия анҷом ёфт.