Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Алмосӣ ҷамъомади тамринӣ мегузаронад

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 23 то 27 октябр дар Сингапур баргузор мешавад, омодагӣ мегирад. Дар ин бора дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Як рӯз пеш мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар қароргоҳи бошгоҳи футболи «Истиқлол» воқеъ дар деҳаи Алмосии Ҳисор ҷамъомади таълимиву тамриниро шуруъ кард. Сармураббии даста Марко Раҷини ба ин ҷамъомад 31 бозигарро даъват кардааст. Бар асоси натиҷаи ҷамъомад ҳайати даста барои ширкат дар чемпионати CAFA 2024, ки аз 16 то 26 август дар Душанбе баргузор мешавад, интихоб мегардад.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «J» бо дастаҳои Гуам (23 октябр), Сингапур (25 октябр) ва Уммон (27 октябр) рақобат мекунад.
Ҳайати пурраи дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17):
Дарвозабонҳо: Некқадами Ҷамшед («Моҳир»), Абубакр Раҳмонқулов («Сарҳадчӣ»);
Дифоъгарон: Мактум Алидодов («Ал-Наср», АМА), Фаридун Каримов («Алмаз-Антей», Санкт-Петербург), Исломҷон Хоҷиев («Криля Советов», Самара), Мустафо Ҳасанбеков, Ахмадҷон Шоев, Самиаллоҳ Давлатов, Абдуқаюм Фузайлов (ҳама – «Истиқлол»), Садриддин Сатторов, Абдусамад Меликмуродов, Мехроҷиддин Розиқов (ҳама – «Душанбе»), Зариф Зарифзода («Барқчӣ»);
Ниммуҳофизатгарон: Широз Абдуллоев («Локомотив-Перово», Москва), Идрис Давлатзода («Ленинградетс», Санкт-Петербург), Элгерруш Ирматов («Сокол», Самара), Зикрулло Саъдиев (Академия «Космос», Москва), Парвиз Бобоназаров («Истиулол»), Хайдаршо Худойдодов, Абдулло Ибрагимзода, Фурқон Раҳимзода (ҳама – «Душанбе»), Давид Мақсудов («Моҳир»), Баҳодур Назарзода («Барқчӣ»), Сомон Сулаймонзода (КМВА);
Ҳамлагарон: Умед Ҷафоев (КМВА, Москва), Сафиаллоҳ Юсупов, Аминҷон Аминов (ҳарду – «Ленинградетс», Санкт-Петербург), Парвиз Сангинов (Академия «Космос», Москва), Муҳаммад Назриев, Фирӯз Шарипов (ҳарду – «Истиқлол»), Асадбек Махтумов («Душанбе»).
Сармураббӣ – Марко Раҷини (Сан-Марино).