Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи феврал бо тими миллии бонувони Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. 

Вохӯриҳо рӯзҳои 23 ва 26 феврал дар Ҷидда баргузор мешаванд.

Барои тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон ин марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 23 июн то 5 июли соли ҷорӣ баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.

Рақибони дастаи мо дар марҳилаи интихобӣ 27 март муайян мешаванд.