Дастаи нави Ибрагимович муайян шуд

Дастаи нави Ибрагимович муайян шуд

Ҳамлавари бошгоҳи футболи «Лос-Анҷелес Гэлакси» Златан Ибрагимович, шояд рӯзҳои наздик ба дастаи “Милан” гузариш намояд.

Тибқи хабаргузории сомонаи расмии The Telegraph дастаи ояндаи ҳамлавари 38 солаи шведӣ ин дастаи «Милан»-и Италия ба шумор меравад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки «Милан» гузариши Ибрагимовичро 15-уми декабр ба таври расмӣ эълон хоҳад кард. Дар гузашта Ибрагимович дар дастаҳои «Милан», «Малмё», «Аякс», «Ювентус», «Интер», «Барселона», «Пари Сен-Жермен» ва «Манчестер Юнайтед» фаъолият намудааст.