Дастаи нави Луис Суарес маълум шуд

Дастаи нави Луис Суарес маълум шуд

Ҳамлавари уругвайии «Барселона» - Луис Суарес шояд фаъолияти варзишиашро дар дастаи «Атлетико» идома диҳад. Чӣ тавре, ки Mundo Deportivo хабар додааст, бозигари 33 солаи уругвайӣ пурра розӣ шудааст, ки бо дастаи шаҳри Мадрид қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонад. Қаблан сарчашмаҳо менавистанд, ки Суарес ба дастаи “Ювентус” мегузарад, вале пас аз гузора шудани чанд муддат маълум шуд, ки “Юве” аз харидории Суарес даст кашидааст. Луис Суарес аз соли 2014 то имрӯз шарафи бошгоҳи «Барселона»-ро ҳимоя мекунад. Дар ин фурсату фосила El Pistolero яке аз беҳтарин нишонзанҳо дар таърихи “Барселона” гаштааст.