Дастаи нави Месси баъди ҳафт бохти паиҳам ахиран мусовӣ намуд

Дастаи нави Месси баъди ҳафт бохти паиҳам ахиран мусовӣ намуд

«Интер Майами» бозияшро бо тими «Остин» дар чемпионати МЛС бо ҳисоби як бар як мусовӣ намуд.

Даста аз Флорида бо ҳамин ба силсилабохтҳои иборат аз ҳафт бозияш хотима бахшид ва баъди 19 бозӣ бо 16 хол дар зинаи охирини Конференсияи шарқӣ қарор дорад.

Лионел Месси бошад дар сафи «Интер Майами» бори нахуст рӯзи 21-уми июл вақти бозӣ муқобили «Крус Асул»-и мексикоӣ дар Ҷоми лига ба майдон меояд.

Чанд рӯз пеш сармураббии нави «Интер» аз Майами Херардо Мартино таъин гардид, нафаре, ки бо Месси дар мунтахаби Аргентина ва «Барселона» кор кардааст.