Дастаи олимпии Бразилия натавонист ба Олимпиадаи Париж-2024 роҳхат бигирад

Дастаи олимпии Бразилия натавонист ба Олимпиадаи Париж-2024 роҳхат бигирад

Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Токио-2020 - мунтахаби футболи олимпии Бразилия (23-солаҳо) натавонист ба Олимпиадаи Париж-2024 роҳхат бигирад. Дар бозии ҳалкунанда ин даста аз тими ҷавонони Аргентина шикаст хӯрд - 0:1. Ҳамин тариқ, аз Амрикои Ҷанубӣ Аргентина ва Парагвай дар Бозиҳои олимпӣ ширкат мекунанд.

То имрӯз, ҳамчунин дастаҳои Фаронса (мизбон), ИМА, Доминикан (Амрикои Шимолӣ), Испания, Исроил, Украина (Аврупо), Марокаш, Миср, Мали (Африқо), Зеландияи Нав (Уқёнус) соҳиби роҳхати олимпӣ шудаанд. 4 дастаи дигар моҳи май, пас аз анҷоми Ҷоми Осиё-2024 миёни мунтахабҳои ҷавонони то 23-сола (15.04-03.05.2024 - Қатар) муайян мегардад.

Дар мусобиқа тими олимпии Тоҷикистон низ ширкат мекунад. 3 даста мустақим роҳхати олимпӣ мегиранд. Як дастаи дигар бо як дастаи Африқо барои як роҳхати дигар талош мекунад.