Дастаи “Шафақ” ғолиби мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми раиси ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ шуд

Дастаи “Шафақ” ғолиби мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми раиси ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ шуд

Дар робита бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ тайи чанд муддат аст, ки миёни сокинони маҳаллаҳо ва КВД «Манзилхизматрасон»-хои ҳудуди ноҳия мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми раиси ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ доир карда шуд, ки он дар вазъияти тантанавӣ ҷамъбаст гардида ғолибон бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қарддонӣ гардиданд.

Дар мусобиқаи мазкур, ки аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир карда шуд, 16 даста иштирок карда, байниҳам рақобат намуданд.

Баъд аз бозиҳои дӯстона миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия айён гардид, ки маҳаллаи “Шафақ” сазовори ҷойи якум, маҳаллаи “Заҳматобод” ҷойи дуюм ва дастаи футболбозони маҳаллаи “Саҳбо”-и ноҳия сазовори ҷойи сеюм гардиданд, ки дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ шуданд.