Дастаи ҷудои Тоҷикистон дар Бозиҳои панҷуми ҳамбастагии исломӣ ширкат меварзад

Дастаи ҷудои Тоҷикистон дар Бозиҳои панҷуми ҳамбастагии исломӣ ширкат меварзад

Дар Бозиҳои панҷуми ҳамбастагии исломӣ (5th Islamic Solidarity Games 2022), ки аз 9-ум то 18-уми август дар шаҳри Конияи Туркия баргузор мешавад, Тоҷикистонро 9 нафар ҷудокор (6 мард ва 3 бону) муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Рақобатҳо дар риштаи ҷудо шуруъ аз 15-ум то 17-уми август сурат мегиранд.

Қувваозмоиҳо аз рӯи 14-вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон) баргузор шуда, дар рӯзи охири мусобиқот рақобатҳои даставӣ сурат мегиранд.

Бори аввал дар нерусанҷиҳои даставӣ мунтахаби мардони Тоҷикистон ҳам ширкат меварзад. Мутаассифона, тими бонувони кишвар бо сабаби нопурра будани ҳайат дар қувваозмоиҳои даставие, ки алоҳида аз мардон доир мешавад, иштирок намекунад.

Ҳайати Федератсияи ҷудои Тоҷикистон:
-52кг | Аҳлия Мӯъминова 
-57кг | Шоҳида Қаландарова 
-70кг | Мавлуда Одинаева
-66кг | Шаҳбоз Саидабуроров
-73кг | Муҳаммадраҳим Сарахонов
-81кг | Шодмон Ризоев
-90кг | Комроншоҳ Устопириён
-90кг | Ҷаҳонгир Маҷидов
-100кг | Абубакри Акобир

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (сармураббии дастаи мунтахаб)
Фотеҳ Маҳмадбеков (мураббӣ)
Шамсия Саидова (Котиби генералии Федератсия)

Барномаи баргузорӣ:
Рӯзи 1 | 15-уми Август | Душанбе
Оғоз: 13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 18:00
Бонувон: -48, -52, -57kg, -63kg;
Мардон: -60, -66, -73kg;

Рӯзи 2 | 16-уми Август | Сешанбе
Оғоз:  13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 18:00
Бонувон: -70, -78, +78kg;
Мардон: -81, -90, -100, +100kg;

Рӯзи 3 | 17-уми Август | Чоршанбе
Оғоз:  13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 18:00
Рақобатҳои даставӣ

*Вақти Душанбе

Марҳилаи ниҳоии мусобиқа мустақиман тавассути Телевизиони «Варзиш» пахш мешавад.

Дар риштаи ҷудо ширкати 168 варзишгар (104 мард ва 64 бону) аз 26 кишвари ҷаҳон дар назар аст.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ дар Бозиҳо иштироки беш аз 3000 варзишгар аз 57 давлати узви Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ дар назар аст. Аз ҷумла, бо қарори Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 65 нафар (48 варзишгар) ба Кония сафарбар гардиданд.

Ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш: варзиши сабук, камонварӣ, баскетбол, бочча, велосипедронӣ, шамшербозӣ, футбол, гимнастика, ҳендбол, ҷудо, каратэ, кикбоксинг, тирпаронии варзишӣ, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо, волейбол, варзиши вазнин, гуштини варзишӣ ва камонварии анъанавӣ ворид шудааст. 

Ҳамчунин дар намудҳои тенниси рӯи миз, варзиши сабук, шиноварӣ ва камонварӣ мусобиқаҳо миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд доир мегардад.

Лозим ба зикр аст, ки Бозиҳои панҷуми ҳамбастагии исломӣ бояд соли 2021 дар Истанбули Туркия баргузор мешуд, вале Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISFS), ки ин Бозиҳоро доир мекунад, онҳоро лағв намуда буд, зеро ҳамон сол Бозиҳои олимпии Токио баргузор шуданд.