Дастгирии теннисбозон аз ҷониби Энди Маррей

Дастгирии теннисбозон аз ҷониби Энди Маррей

Қаҳрамони секаратаи мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург”, собиқ ракетаи якуми ҷаҳон, теннисбози бритонӣ - Энди Маррей пешниҳод кард, ки нақшаи имсолаи рейтинги ATP-ро таҷдиди назар кунанд. Зеро на ҳама бозингарон метавонанд, ки имтиёзҳои соли гузаштаро нигоҳ доранд.

Яке аз теннисбозони маъруфи ҷаҳон - Энди Маррей баррасии системаи рейтинги ATP-ро ба масъулини ин намуди варзиш пешниҳод кард. Ҷадвали мусобиқаҳо пас аз дубора оғоз ёфтани мавсим дар риштаи теннис ниҳоят сахт хоҳад буд ва теннисбозон маҷбур мешаванд, ки ба хотири ҷароҳат набардоштан аз иштирок дар мусобиқаҳо даст кашанд.

"Барои теннисбозон расидан ба рақобатҳои нимниҳоӣ ва ниҳоии мусобиқаи Ню-Йорк хатар надорад, аммо дар майдони қумпуши Мадрид бо авҷи баланд бозӣ кардан бисёр хатарнок аст. Зеро иштирокчиён мудати тулонӣ рақобат накардаанд. Фикр мекунам, ки бисёр бозигарони беҳтарин мусобиқаҳои бузургтаринро аз даст хоҳанд дод – гуфтааст Энди Маррей. Хотиррасон мекунем, ки дар баробари мусобиқаҳои дараҷаашон гуногун ду мусобиқаи бонуфузи “Тоскулоҳи бузург”, ки вақтҳояшон ба таъхир афтода буд, бояд доир гарданд.