Дастин Порйе ишора кард, ки ба наздикӣ ба октагон бармегардад
Собиқ қаҳрамони муваққатии UFC дар вазни сабук - Дастин Порйеи амрикоӣ ишора кард, ки омодагиро ба муборизаи навбатӣ оғоз кардааст.
Дастин Порйе дар шабакаҳои иҷтимоии худ навишт: "Ба назар чунин мерасад, ки мо ба тиҷорат бармегардем".
Ёдовар мешавем, ки қаблан Дастин борҳо аз роҳбарияти лига даъват карда буд, ки барои ӯ бо Ислом Махачёв муборизаи қаҳрамонӣ ташкил кунанд.
Дастин Порйе 30 ғалаба ва 8 бохт дорад. Бори охир ӯ намояндаи Фаронса Бенуа Сен-Дениро дар мусобиқаи UFC 299 дар Майами мағлуб карда буд. Ин мубориза 10-уми март баргузор шуда буд.