Дастоварди навбатии динамочиёни наврас дар мусобиқаи шаҳрӣ

Дастоварди навбатии динамочиёни наврас дар мусобиқаи шаҳрӣ

Дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобикаи кушоди «Ҷоми шаҳри Душанбе» оид ба каратэ-кёкшинкай байни кӯдакону наврасон, ки 21-уми ноябри соли ҷорӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, иштироки фаъолона наумда, чандин мақомҳои ғолибиятро ба даст оварданд. Ҷойҳои якумро варзишгарони наврас Усмон Саидов дар вазни 20 кило, Иброҳим Қодиров дар вазни 45 кило, Юсуф Одиназода дар вазни 50 кило ишғол наумданд.

Ҷойҳои дуюмро Умар Раҳмонзода дар вазни 25 кило, Юсуф Хоҷаев дар вазни 40 кило, Абдухалил Давлатов дар вазни 35 кило ва Билол Аминов дар вазни 27 кило ба даст оварданд. Ҳамин тариқ, ҷойҳои сеюмро бошад, Иброҳим Мирзозода дар вазни 20 кило, Абдураҳмон Сафаров дар вазни 30 кило ва Абубакр Пирназарзода дар вазни 27 кило соҳиб гаштанд.