Дастоварди нодири Месси дар футболи муосир

Дастоварди нодири Месси дар футболи муосир

Дар бозии даври 34-уми Ла Лига “Валенси” дар майдони худ “Барселона”-ро қабул кард. Вохӯрӣ дар Валенсия баргузор шуда, бо ҳисоби 2:3 хотима ёфт. Дар ҳайати дастаи ғолиб Лео Месси дубл кард. Як голи дигарро ба дарвозаи “Валенси” Антуан Гризманн зад. Ҳамзамон, яке аз голҳои Месси аз зарбаи ҷаримавӣ зада шуд. Барои ӯ ин ин 50-умин гол аст, ки тавассути зарбаи ҷариавӣ ба ҳадаф мерасонад. Дар мавсими ҷории чемпионати Испания Месси дар 32 бозӣ ширкат варзида, дар он 28 гол ва 11 партофти головар дорад.