Дастпарварони Сарри дарвозаи “Милан”-ро голборон карданд

Дар доираи бозиҳои даври 19-уми чемпионати Италия дастаҳои “Латсио” ва “Милан” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Олимпӣ”-и шаҳри Рим доир шуда, бо ҳисоби 4 бар 0 ба суди мизбонон хотима ёфт.
Голҳоро дар ин вохӯрӣ Савич, Тсакканйи, Алберто ва Андерсон ба самар расониданд.
Дастпарварони Мауритсио Сарри бо ин пирӯзӣ бо касби 37 имтиёз дар зинаи 3-юми ҷадвали мусобиқа маскан гирифтанд. “Милан” дар соли 2023 то ҳанӯз ягон пирӯзӣ надорад ва бо касби 38 имтиёз дар зинаи 2-юм мавқеъ гирифтааст.
Серияи А | Даври 19
“Латсио” – “Милан” 4:0
Голҳо: Милинкович-Савич, 4, Тсакканйи, 38, Луис Алберто, 67 (пен.), Фелипе Андерсон, 75
«Латсио»: Проведел, Марушич (Ладзари, 78), Романьоли, Казале, Хюсай, Луис Алберто, Каталди (Маркос Антонио, 87), Милинкович-Савич (Башич, 83), Фелипе Андерсон, Тсакканйи, Педро (Ромеро, 78).
«Милан»: Тэтэрушану, Калабрия, Томори (Кйер, 24), Калулу, Дест, Беннасер, Браим Диас (де Кетеларе, 59), Тонали, Жиру (Ориги, 59), Рафаэл Леау (Ребич, 79), Жуниор Мессиас (Салемакерс, 58).
Огоҳӣ гирифтанд: Милинкович-Савич – Беннасер, Кйер