Давандаи маъруфи Кения ва рекордсмени ҷаҳон ба ҳалокат расид
Давандаи маъруфи Кения ва рекордсмени ҷаҳон дар дави марафон Келвин Киптум дар як садамаи роҳ ҷон дод. Мошине, ки Киптуми 24-сола идора мекард, дар Кения ба садама дучор шудааст.
Варзишгар идораро аз даст дода, ба дарахт бархӯрд. Баъди ин мошин ба чоҳ афтод. Дар мошин бо Киптум ду мусофир буд. Мураббии ӯ Гервайс Ҳакизимана дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири дуюм дар беморхона бистарӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 8-уми октябри соли 2023 Киптум дар марафони Чикаго, ки масофаро дар 2 соату 35 сония тай карда, рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Як рӯз пеш Келвин эълон кард, ки нақшаи аввалин варзишгаре мешавад, ки дар тӯли камтар аз 2 соат марафони Роттердамро давад.