Давлат Болтаев: "Пас аз панҷ сол ба ваъдаам вафо кардам"

Давлат Болтаев: "Пас аз панҷ сол ба ваъдаам вафо кардам"

Муштзани 25 солаи тоҷик Давлат Болтаев аз зумраи аввалин роҳхатгирандагони Бозиҳои Олимпии Париж-2024 аз миёни варзишгарони тоҷик маҳсуб мешавад. Болтаев моҳи октябри соли 2023 пас аз 17 сол аз риштаи бокс   барои Тоҷикистон аз Бозиҳои Осиёӣ медали тилло ба даст овард ва роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж -2024-ро аз риштаи бокс соҳиб шуд.

Роҳ ба Бозиҳои Олимпии Париж-2024

Моҳи октябри соли 2023 дар 19-умин Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 Давлат Болтаев (+92 кг) намояндаи Туркманистон Арсланбек Очилов тариқи нокаут, намояндаи Қирғизистон Эркин Одилбек Уулу бо ҳисоби 4 бар 0, намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ҷаеминг Ҷионг бо ҳисоби 5 бар 0 ва намояндаи Чин Ҳан Хуеженро бо ҳисоби 3 бар 2 мағлуб карда, нишони тилло ба даст оварда буд. Ин музаффарият ҳам Болтаевро ба Бозиҳои Олимпии Париж -2024 бурд ва ҳам барои варзиши тоҷик саҳифаи наверо рақам зад ва пас аз 17 сол барои Тоҷикистон аз риштаи бокс нишони тилло ба даст овард. Ҷаҳон Қурбонов қаблан, ягони нишони тиллоро аз намуди бокс дар Бозиҳои Осиёӣ соли 2006 дар Доҳаи Қатар соҳиб шуда буд.

Ба хотири ин музаффарияти таърихӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Давлат Болтаев калиди хонаи 3-ҳуҷрадорро дар шаҳри Душанбе инъом карданд. Аз ҷониби Пешвои миллат ба Давлат Болтаев ба хотири медали тиллои соҳибгардидааш ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ тақдим карда шуд.

Лаҳзаҳои хотирмон дар корномаи варзишии Болтаев

Давлат Болтаев дар ин бора чунин ибрози назар кард: “Дар корномаи варзишиам ҳолатҳои хотирмон бисёр буданд. Варзиш одамонро муттаҳид мекунад. Варзиш хубӣ меорад. Ман панҷ сол пеш ба мураббии худ ваъда додам, ки ҳатман соҳиби роҳхат ба Бозиҳои Олимпӣ хоҳам шуд. Дар қаҳрамонии Осиё ва қаҳрамонии ҷаҳон низ иштирок кардаам ва мақомҳои ифтихориро сазовор гаштаам. Аммо намедонам сабаб дар чӣ буд, ки ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои Олимпӣ бароям даст намедод. Хушбахтона, ин орзуям амалӣ гашт ва тавонистам пас аз панҷ сол ба ваъдаам вафо намуда, соҳиби роҳхати Бозиҳои Олимпӣ гардам. Ва ин яке аз муваффақиятҳои бузурги ман ба ҳисоб меравад.”

Давлат ҳунарнамоии бисёре аз муштзанонро пайгирӣ мекардааст. Рақобатҳои Василий Ломаченко бештар ба муштзани мо писанд будааст.

Болтаев дар мавриди пайроҳаи варзишии интихобкардааш, яъне бокс чунин фикр дорад. “Ман орзуи дандонпизишк шуданро надоштам. Аммо дӯсти беҳтарини ман, ки ба ин самт рафта буд, маро низ ба ин ихтисос ҷалб кард. Аз рӯи ин ихтисос Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявиро хатм намудам. Вале дар ин самт фаъолият накардаам. Ҳоло танҳо бо варзиш машғул ҳастам ва мехоҳам дар бокс корномаи варзишии худро созам. Аз интихобам пушаймон нестам. Бисёр хушҳолам, ки ба бокс машғулам. Кишвари хешро муаррифӣ менамояму Парчами онро боло мебардорам. Фахр мекунам, ки тоҷикам.”

Ҳамчунин, Давлат дар мавриди аз таеквондо ва кикбоксинг чӣ гуна ба бокс омаданашро ба мо қисса кард . “Бале дар ин навъҳои варзиш низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаам. Дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ду маротиба унвони қаҳрамонӣ ба даст овардам. Ду маротиба – бори аввал дар Чемпионати ҷаҳон, ки соли 2014 дар Тоҷикистон шуда гузашт ва бори дуюм дар Италия аз намуди “таэквандо ITF” қаҳрамони ҷаҳон шудам. Аз намуди муайтай дар шаҳри Ашқободи Туркманистон мақоми сеюмро ишғол кардам. Инчунин соли 2017 мақоми ифтихориро дар ҷоми ҷаҳон аз намуди варзиши кудо дар Ҳиндустон ба даст овардам.”

Пеш аз Бозиҳои Олимпӣ

Давлат Болтаев моҳи январи соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон дар вазни то 92 кг қаҳрамони Осиё байни ҷавонони то 22-сола (U-22) шуд ва дар даври ниманиҳоӣ бар Ҷавоҳир Тоғаймуродови ботаҷрибаи ӯзбек тавонист, ки бо ҳисоби 5 бар 0 пирӯз шуда, дар финал муштзани варзидаи қирғиз Рустам Урусбек Уулуро пеш аз мӯҳлат бо нокаути техникӣ дар раунди сеюм шикаст дод.

 Моҳи ноябри соли 2022 муштзани мо Давлат Болтаев дар Чемпионати Осиё байни калонсолон дар шаҳри Аммони Урдун зери вазни то 92 кило иштирок кард. Болтаев дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиёӣ то ба даври чаҳорякниҳоӣ тавонист, ки роҳ ёбад. Дар ин марҳила Давлат аз Аҳмад Сулаймон Алтеймати мизбон бо ҳисоби 2 бар 3 мағлуб шуда буд.

Болтаев моҳи майи соли 2023 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон дар Чемпионати Ҷаҳон дар вазни то 92 кг ширкат кард. Дар марҳилаи 1/16-ниҳоии мусобиқа Давлат бо муштзани варзидаи рус Садам Магомедов, ки Сербияро намояндагӣ мекард, бо ҳисоби 5 бар 2 дастболо гардид. Дар марҳилаи ҳаштякниҳоии мусобиқа Давлат бо муштзани мексикоӣ Карлос Родригес дар раунди аввал бо нокаути техникӣ пирӯз шуд ва дар чорякфинал аз намоняндаи Итлаия Азиз Аббес Муҳидин бо ҳисоби 0 бар 5 ноком шуд.

Дар мусобиқаи “Шоми бокс”-и Душанбе Давлат Болтаев зери роҳнамоии мураббиаш Алӣ Бобоҷонов иштирок намуд. Ин мусобиқа пас аз Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу дар охири моҳи октябр баргузор шуда буд. Болтаев онҷо бо як ҳунару маҳорати воло дар раунди дуюм бо нокаути техникӣ бар Муҳиддин Раҷапбаев аз Ӯзбекистон пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Дар остонаи Бозиҳои Олимпӣ

Дар остонаи Бозиҳои Олимпии Париж -2024 муштзани мо Давлат Болтаев рӯзи 27-уми апрел дар мусобиқаи «Шоми Бокс» дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон иштирок намуд. Рақиби Болтаев онҷо муштзани қазоқ барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё ва Бозиҳои Осиёӣ дар соли 2022 - Сагиндик Тогамбай буд. Токамбай дар мусобиқаи мазкур дебют кард ва дар як рақобати сахту сангин аз муштзани мо Давлат Болтаев (4-0, 2 КО) дар раунди шашум бо қарори ҷудогонаи доварон мағлуб шуд.

Ҳоло Давлат Болтаев бо мураббӣ Алӣ Бобоҷонов ба таври ҷиддӣ ба Олимпиада омода шудааст. Ӯ дар чандин тамринҳои дастаҷамъона берун аз Тоҷикистон иштирок карда, ба Олимпиада дар сатҳи зарурӣ омода шудааст. Умедҳои мо ҳам аз Болтаев дар Бозиҳои Олимпии Париж-2024 зиёд аст то ӯ тавонад, ки зинаи ифтихориро касб кунад ва таърихи наверо боз дар варзиши тоҷик рақам занад. Дар охир ба Давлат Болтаев барору комёбӣ дар Олимпиадаи Париж-2024 таманно мекунем.

Фаридун Сафарзода | ТВ “Варзиш”