Даври 23-юми ПЛА бе гол оғоз шуд

Даври 23-юми ПЛА бе гол оғоз шуд

Дар бозии аввалини даври 23-юми рақобатҳои чемпионати Англия дастаҳои “Уотфорд” ва “Тоттенхем”  дидор анҷом доданд. Бозии дастаҳои мазкур дар варзишгоҳи “Викириҷ Роуд” доир шуда, бо ҳисоби мусовии 0:0 ба поён расид. 
Нимаи аввал бо ҳуҷумҳои тарафайн паси сар шуд. Аз рӯи кулли нишондодҳои оморӣ дастаи “Тоттенхем” дар қисми аввал пешсаф буд. Вале он бидуни гол паси сар гардид. 
Дар нимаи дуввум шогирдони Найҷел Пирсон бозиро фаъолона оғоз намуданд ва чанд фурсати хуби голзаниро ба миён оварданд. Бозигарони шаҳри Лондон ҳам бо ҳамлаҳои худ ҷавоб мегардонданд. Дар дақиқаи 70-уми майдондорӣ ҳолати  беҳтарини голзанӣ барои мизбонон фароҳам омад, аммо Трой Дини аз нуқтаи зарбаи 11-метра тубро ба дарвоза ворид кардан натавонист.
Ҳамин тариқ бозии оғозбахшандаи даври 23-юми чемпионати Англия бидуни гол ба поён расид. Пас аз ин бозӣ “Тоттенхем” дар мавқеи 7-ум ва “Уотфорд” дар зинаи 16-ум қарор доранд.