Даври 34-уми ПЛА хотима ёфт

Даври 34-уми ПЛА хотима ёфт

Бо бозӣ байни дастаҳои “Астон Вилла” ва “Манчестер Юнайтед” рақобатҳои даври 34-уми ПЛА хотима ёфт. Дастаи меҳмон дар ин дидор бо бартарии 3-0 зафар ёфт. Бозӣ бо бартарии комили “сурхпӯшон”-и манчестерӣ сурат гирифт. Беҳтарин бозигари онҳо дар моҳи июн Бруну Фернандеш дар дақиқаи 26-ум пеналти кор кард ва худ онро бе хато иҷро намуд. Меҳмонон дар дақиқаи 5-уми иловагии қисми якум бар ивази голи Мэйсон Гринвуд бартарии худро дуболо карданд. Голи охирин бозӣ ба номи Пол Погба навишта шуд. Мавсуф дар ин мавсим бори аввал дарвозаи рақибро рахна кард.

Пас аз ин ғалаба шогирдони Оле Гуннар Сулшер бо касби 58 хол дар зинаи 5-ум боқӣ монданд. Фарқ аз “Челси” ва “Лестер” мутаносибан 2 ва 1 имтиёзро ташкил мекунад.

Натиҷаи бозиҳои боқимондаи давр ба таври зайланд:

“Кристал Пэлас” – “Челси”

2:3 (1:2) 

“Уотфорд” – “Норвич”

2:1 (1:1) 

“Арсенал” – “Лестер”

1:1 (1:0) 

“Вест Хэм” - Бёрнли”

0:1 (0:1) 

“Манчестер Сити” – “Нюкасл”

5:0 (2:0) 

“Шеффилд Юнайтед” – “Вулверхэмптон”

1:0 (0:0) 

“Брайтон” – “Ливерпул”

1:3 (1:2) 

“Борнмут” – “Тоттенхэм”

0:0 (0:0) 

“Эвертон” – “Саутгемптон”

1:1 (1:1) 

“Астон Вилла” – “Манчестер Юнайтед”

0:3 (0:2)