Даври қаҳрамонҳо- 2023: Абдусатторов ба даври ниманиҳои Ҷоми ChessKid роҳ ёфт

Даври қаҳрамонҳо- 2023: Абдусатторов ба даври ниманиҳои Ҷоми ChessKid роҳ ёфт

Шоҳмотбозон Нодирбек Абдусатторови узбек, Йорден ван Форест, Дмитрий Коларс ва Фабиано Каруана ба даври ниманиҳоии қисмати болоии дивизиони аввали Ҷоми ChessKid 2023 роҳ ёфтанд, сабқате, ки марҳилаи сеюми Даври қаҳрамонҳоро ташкил медиҳад. Мағлубшудагон  Хикару Накамура, Алиризо Фирузҷа, Александр Шиманов ва Жюл Муссар ҳамакнун талош мекунанд, то дар қисмати поёнии ҷадвали мусобиқа роҳи наҷот пайдо намоянд. 

Баҳри баромадан ба қисмати болоии ҷадвал  бошад Кирилл Алексеенко, Григорий Опарин, Павел Элянов ва Владимир Федосеев, ки  Шаҳриёр Мамадёровро шикаст дода буд, рақобатро идома медиҳанд.  

Дар қисмати болоии дивизиони сеюм Михаил Антипов, Виталий Бернадский, Игор Лисий ва Денис Лазавик, ки дар бозӣ муқобили Бенҷамин Бок зафар ёфт, боқӣ мемонанд.

Рақобат баҳри ҷоиза дар сабқати ChessKid Cup бошад то ҳол идома дорад.