Дебюти Эҳсон дар дастаи «Навбаҳор»

Дебюти Эҳсон дар дастаи «Навбаҳор»

Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе дар дастаи «Навбаҳор» аввалин бозии расмии худро анҷом дод. Дар бозии даври 15-уми Суперлигаи Ӯзбекистон тими Эҳсони Панҷшанбе аз дастаи «Локомотив» (0:1) шикаст хурд. Футболбози тоҷик дар ҳайати асосии «Навбаҳор» ба майдон баромада, 90 дақиқа бозӣ кард. Ёдовар мешавем, ки қаблан дастаи «Навбаҳор»-и кишвари Ӯзбекистон - Эҳсони Панҷшанберо аз дастаи «Истиқлол» харидорӣ намуда буд.