Дембеле то ҳол ба "Барселона" зарар меорад

Дембеле то ҳол ба "Барселона" зарар меорад

Роҳбарияти "Барселона" пардохтҳоро ба буҷаи "Боруссия Дортмунд" барои ҳамлагар Усмон Дембеле идома медиҳад. Бино ба иттилои Kicker, "каталониҳо" ба ҳисоби дастаи олмонӣ боз 5 миллион еврои дигар интиқол додаанд. Ҳамин тариқ, маблағи умумии гузариши фаронсавӣ аз 130 миллион гузашт.

Ҳоло ин охири кор нест, "Барселона" бояд барои ҳамлагар бо назардошти мукофотпулиҳои гуногун тақрибан 150 миллион пардохт кунад. Яке аз ин мукофотҳо шумораи бозиҳо дар ҳайати "Барселона" мебошад. Барои бозиҳои 25, 50, 75 ва 100-уми футболбоз дар ҳайати "каталониҳо", "занбӯрҳои зард" 5 миллион евро мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки Дембеле соли 2017 бо 105 миллион евро ба "Барселона" гузашт. Дар маҷмӯъ, ӯ дар ин бошгоҳ 83 бозӣ гузаронидааст, ки дар он 22 гол зада, 17 партофти головар анҷом додааст.