“Денвер” дар бозии аввал “Майами”-ро шикаст дод

“Денвер” дар бозии аввал “Майами”-ро шикаст дод

Дар варзишгоҳи «Болл-Арена (Пепси-сентр)»-и шаҳри  Денвери ИМА бозии аввали даври ниҳоии Ассотсиатсияи миллии баскетбол   миёни дастаҳои «Денвер Наггетс» ва «Майами Хит»  дар ҳузури 19 528 нафар мухлис баргузор шуд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 104 бар 93 ба суди мизбонон анҷом ёфт.

Аз ҳайати мизбонон бозигари сермаҳсул  Никола Йокич буд. Аз ҳисоби трипл-дабли ӯ: 27 хол, 10 бозёфти тӯб  ва 14 ассист аст.  Муҳофизи канадагӣ ҳам хело хуб бозӣ кард. Ӯ   26 хол, 10 ассист  дар ҳисоб дорад.

Аз ҳайати меҳмонон  баскетболбози амрикоӣ Бам Адебайо дабл-дабл ба даст овард. Ӯ 26 хол, 13 бозёфти тӯб  ва 5 ассист кард.

Ҳисоб дар силсила 1 бар 0 ба фоидаи «Денвер Наггетс»   аст.