Дербии Душанбе ба фоидаи “Истиқлол” хотима ёфт

Дар доираи бозиҳои даври панҷуми Лигаи олӣ дастаҳои “Истиқлол” ва КМВА ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи “Истиқлол” ба анҷом расид.
Ҳисоб дар дақиқаи 40-уми бозӣ аз ҷониби Амирбек Ҷӯрабоев кушода шуд. Амирбек дар бозии гузашта, ба дарвозаи “Панҷшер” голи зебое зада буд ва ин голи дуюми нимҳимоятгар дар мавсими имсола аст.
Дар дақиқаи 69-уми бозӣ Николас Анван ҳисобро дуболо намуд. Ягона голи КМВА-ро Комрони Мирзохон дар дақиқаи 87-ум ба самар расонид.
Ин аввалин бохти КМВА дар мавсими имсола мебошад. Қаблан, “артишиҳо” бар “Ҳосилот” (2:1), “Панҷшер” (0:3) ғалаба карда, бо “Ҳулбук” (0:0) ва “Барқчӣ” (3:3) мусовӣ карда буданд.
“Истиқлол” пас аз панҷ даври бозиҳо шикастнопазир аст. Дастпарварони Игор Черевченко бар дастаҳои “Хуҷанд” (1:0), “Регар-ТадАЗ” (2:1), “Панҷшер” (0:3) ғалаба карда, бо “Ҳосилот” (1:1) мусовӣ карданд.
Дар ҷадвали мусобиқа ҳоло “Истиқлол” бо касби 13 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад. КМВА бо 8 имтиёз дар зинаи чаҳорум аст. Дар даври оянда, “Истиқлол” дар сафар бо “Барқчӣ” ва КМВА бо “Вахш” рӯзи 20-юми апрел бозӣ мекунанд.