Дербии Лондон ба фоидаи “Челси” анҷом ёфт

Бозии даври 24-уми Премйер-Лигаи Англия миёни дастаҳои “Челси” ва “Вест Хэм Юнайтед” ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи “Стэмфорд Бриҷ”-шаҳри Лондон баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди “Челси” анҷом ёфт.
Ҳисобро дар ин бозӣ дар дақиқаи 42-юм аз ҷониби ҳамлагари “Вест Хэм Юнайтед” Ҷаррод Боуэн кушода шуд. Дар дақиқаи 64-ум Педро Нето ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 74-ум ҳимоятгари тими меҳмон Аарон Ван-Биссака муаллифи худгол шуд ва ҳисобро 2 бар 1 ба суди “Челси” намуд.
Ёдовар мешавем, ки “Челси” бо 43 имтиёз аз 24 бозӣ дар ҷадвали Премйер-Лигаи Англия дар ҷои чорум аст. “Вест Хэм Юнайтед” аз ҳамин миқдор бозиҳо 27 имтиёз дорад ва дар ҷои 15-ум қарор дорад. “Ливерпул” бо 56 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.