Дербии Мадрид дар Суперҷоми Испания ба фоидаи “Реал” анҷом ёфт

Дербии Мадрид дар Суперҷоми Испания ба фоидаи “Реал” анҷом ёфт

Бозии марҳилаи нимниҳоии Суперҷоми Испания миёни дастаҳои ду шаҳри Мадрид - “Атлетико” ва “Реал” ба анҷом расид. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Кинг Абдулло Спортс Сити” дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди “Реал Мадрид” анҷом ёфт. Довари асосии бозӣ Матео Бускетс Феррер буд.

Ҳисобро дар дақиқаи 2-юм ҳимоятгари уругвайии “Реал Мадрид” Федерико Валверде кушод. Ӯ аз зарбаи ҷаримавӣ муаллифи голи зебо шуд. Дар дақиқаи 55-ум нимҳимоятгари бразилӣ Родриго бартарии дастаашро дучанд намуд. Ҳамлагари “Атлетико” Александр Сёрлот дар дақиқаи 58-ум ягона голи тимашро ба самар расонид.

Дар бозии дигари нимниҳоӣ “Барселона” бо ҳисоби калони 5 бар 0 бар “Атлетик”-и Билбао ғалаба кард. Ҳамин тариқ, дар финали мусобиқа, ки рӯзи 11-уми январ баргузор мешавад, “Барселона” ва “Реал Мадрид” бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

“Барселона” қаҳрамони феълии мусобиқа маҳсуб мешавад. Дар финали соли гузашта, каталониҳо бо ҳисоби 5 бар 2 муқобили “Реал Мадрид” пирӯз шуда буданд. “Барселона” 15 маротиба соҳиби Суперҷоми Испания шудааст, ки натиҷаи рекордӣ маҳсуб мешавад.