Дербии шаҳри Лондон, нуқтаи ниҳоии мавсими имсола

Дербии шаҳри Лондон, нуқтаи ниҳоии мавсими имсола

Микел Артета ва Фрэнк Лэмпард ба ҳайси футболбоз борҳо муқобили ҳам бозӣ кардаанд, вале имрӯз ин ду мутахассис дар финали Ҷоми Англия ҳамчун сармураббӣ   бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Пирӯзӣ дар ин вохӯрӣ барои ҳарду муҳим аст. Аз ин рӯ онҳо тамоми неруи худро барои натиҷаи қаноатбахш равона хоҳанд кард. Шоми имрӯз, дар бозии финали Ҷоми Англия-2020 дастаи “Арсенал” дар майдони “Уэмбли” тими “Челси”-ро қабул мекунад. Дар баробари ин барои Лэмпард ва Артета ин имконияти хуби ба даст овардани якумин ҷоиза дар тӯли фаъолияти мураббигиашон бо ин тимҳо хоҳад буд. Барои “Арсенал” бошад, ин ҷом хеле муҳим аст, чаро ки “тӯфангдорон” метавонанд, ба ин васила роҳхати Лигаи Аврупоро соҳиб шаванд.

Мавсими имсолаи ПЛА барои “Челси” бобарор анҷом ёфт. Ии даста зинаи чоруми ҷадвалро касб карда, ҳаки ширкт дар Лигаи Чемпионҳои мавсми ояндаро ба худ кафолат дод. Ба ақидаи   коршиносон   финал хеле ҷолибу пургол хоҳад шуд. Шумо метавонед ин бозиро сотаи 21:30 тавассути шабакаи “Варзиш” тамошо кунед.