Дербии шаҳри Лос-Анҷелес ба фоидаи “Лейкерс” анҷом ёфт

Дербии шаҳри Лос-Анҷелес  ба фоидаи “Лейкерс” анҷом ёфт

Дар доираи бозиҳои навбатии мавсими муқаррарии Ассотсиатсияи миллии баскетбол (NBA) дастаҳои «Лос-Анҷелес Клипперс» ва «Лос-Анҷелес Лейкерс» андари майдони рақобат гардиданд. Вохӯрии дастаҳо дар Инглвуди Калифорнияи Амрико доир шуда, бо ҳисоби 122:97 ба фоидаи тими «Лейкерс» анҷом ёфт.

Сермаҳсултарин баскетболбози вохӯрӣ ҳамлагари 40 солаи «Лейкерс» Леброн Ҷеймс буд, ки 26 имтиёз, 8 бозёфти тӯб, 9 ассист ба даст овард.

Ҳамин тавр, «Лейкерс» дар бозии сеюми худ ғолиб омад ва дар ҷадвали конфронси ғарбии NBA дар ҷои панҷум қарор дорад. «Клипперс» бори дуюм паиҳам шикаст хӯрд, дар ҷои шашум қарор дорад.

ТВ "Варзиш"