Дербии шаҳри Риёз ба фоидаи “Ал-Ҳилол” анҷом ёфт

Дербии шаҳри Риёз ба фоидаи “Ал-Ҳилол” анҷом ёфт

Бозии даври 15-уми Про-Лигаи Арабистони Саудӣ миёни дастаҳои “Ал-Ҳилол” ва “Ал-Наср” ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Kingdom Arena” доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи “Ал-Ҳилол” ҷамъбаст гардид.

Ҳисоб дар дақиқаи 42-юми бозӣ аз ҷониби Криштиану Роналду кушода шуд. Барои Роналду голи 15-ум дар мавсими имсолаи Про-Лига ва 959-ум дар корнома буд.

Салим Ал-Досари дар дақиқаи 57-ум аз зарбаи пеналтӣ ҳисобро баробар намуд. Дарвозабони “Ал-Наср” Наваф Ал-Акиди дар дақиқаи 60-ум корти сурх гирифта бозибадар шуд. Рубен Невеш дар дақиқаи 90+2-юм голи сеюми “Ал-Ҳилол”-ро ба самар расонид.

Барои “Ал-Наср” ин бохти сеюм дар соли 2026 мебошад. Тими Роналду дар охири соли 2025 пас аз 10 ғалабаи пайиҳам бо “Ал-Иттифоқ” (2:2) мусовӣ намуда, аз “Ал-Аҳлӣ” (3:2), “Ал-Қадисия” (2:1) ва “Ал-Ҳилол” (3:1) мағлуб шуд. “Ал-Ҳилол” бо ғалаба бар “Ал-Наср” пирӯзии 11-уми пайиҳамро дар Про-Лига ба қайд гирифта, рекорд гузошт. Қаблан, “Ал-Наср” бо 10 ғалабаи пайиҳам дар ин мавсим дар Про-Лига чунин рекорд гузошта буд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “Ал-Ҳилол” бо 38 имтиёз дар зинаи аввал аст. “Ал-Наср” бо 31 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа мавқеъ гирифтааст.